Кумак ба ятимону ниёзмандон амали хайру савоб аст.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз намудан ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд яке аз амалҳои хайру савоб ба ҳисоб рафта, ин анъана аз аззал байни халқи тоҷик роиҷ будааст, то инки дар ҳама ҳолат дастгири якдигар бошанд.

Дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарияти Олии мамлакат ва роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пайваста ба ятимону маъюбон ва оилаҳои  ниёзманд ғамхории зиёд зоҳир менамоянд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, иқдом гирифтааст ки бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва вакилони ҳизбӣ ба ин қишри ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди Саиди Фитр кумакҳои яквақта расонида шавад.
Чунин иқдом аз ҷониби вакилони ноҳиявӣ ва шахсони саховатпеша дастгирӣ ёфта рӯзҳои охир ба якчанд нафар маъюбони гурӯҳи якум кумак расонида шуд.
Аз он ҷумла имрӯз аз ҷониби вакилони ноҳиявӣ Қодирова Бибиробия ва Барзунов Қосимҷон ба ду оилаи ниёзманд дар арафаи Иди Саиди Фитр  кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида шуда то рӯзи баргузории Иди рамазон ба дигар оилаҳо ҳам кӯмак расонида мешавад.