Маъюбону ятимон зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар арафаи Иди Саиди Фитр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  дар ҳамкорӣ бо вакилони ҳизбӣ ва шахсони саховатманд ба ятимону бепарасторон, маъюбону оилаҳои камбизоат кӯмаки яквақта расонида мешавад.

Чунин ташаббус имрӯз бо дастгирии вакилони ҳизбӣ, Исмолзода Исматулло ва Темуров Алишер дастгирӣ гардида ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум, Зайналова Мижгона аз деҳаи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Г.Гулмурод ва Абдулхайров Зоирҷон аз кучаи Л.Шералӣ, Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл кумаки яквақта расонида шуд.
Ин иқдом то арафаи Иди Саиди Фитр идома ёфта, бо ҷалби шахсони хайрхоҳ ба дигар ниёмандон низ кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.