ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОРӢ ДАР МАҲАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шуъбаи 1-уми деҳаи Ф. Саидови ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён маркази саломатӣ аз нав таъмир гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармимсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ соли соли 2022 оғоз гардида буд.

Бинои Маркази саломатии деҳаи Ф. Саидов як ошёна буда, аз 2 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон ва ташхиси ултрасадо иборат мебошад. Пас аз ба анҷом расидани таъмиру барқарорсозӣ имконият ва шароити ташхису табобат дар Маркази саломатии деҳаи Ф. Саидов бо ворид намудан ва муҷаҳҳаз гардонидани таҷҳизоти муосири тиббӣ, ашё, дигар ҷиҳози зарурӣ мувофиқ ба талаботи замон беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Ба туфайли фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Ф. Саидов 5 нафар, аз ҷумла 1 табиб, 2 корманди миёнаи тиб, 1 корманди хурди тиб ва хоҷагидор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Аксари мутахассисони соҳа, ки дар ин Маркази саломатӣ фаъолият мекунанд, сокинони ҳамин деҳот мебошанд.

Масъулони соҳаи тандурустӣ дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намуда, аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобатӣ ба беморон истифода карда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд.

Қобили тазаккур аст, ки баъди таъмиру барқарорсозӣ намуди зоҳирӣ, дохили бино, ҳуҷраҳои ташхису табобат ва дигар намуди хизматрасониҳои тиббии Маркази саломатии деҳаи Ф. Саидов куллан дигаргун, барҳавою зебо, атрофи он сабзазору гулзор ва дилкашу гуворо гардидааст.