ЗАМИНҲОИ КОРАМ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ, кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ намуда, бо ҳар як оила шинос шуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯроквории сокинонро дида баромада истодаанд.
 
Ин навбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Назокат Қосимова дар якҷоягӣ бо раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62-и шӯъбаи маорифи ноҳия дидан намуда, аз истифодаи самараноки заминҳои наздимуассиса шинос шудаанд.
 
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза таъкид намуданд, ки ҳар як моро зарур аст, ки корро тарзе ба роҳ монад, ки барои бартараф кардани ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошад ва захираи маводи хӯрокаро афзун намояд, то ин ки аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашад.
 
Заминҳои наздимуассисаро самараноку босифат истифода бурда, барои руёнидани чанд ҳосил чораандеши намоянд.
Баргузории чунин суҳбатҳо дар бобати истифодаи ҳар ваҷаб замин самараи нек дода истодааст.
Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.