Ташаббусҳои ҳизбӣ амалӣ мегарданд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади беҳтар ва зеботар гардонидани маҳалли зист, имрӯзҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳалла ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, як қатор корҳои ободонию созандагӣ аз он ҷумла ба тариқи ҳашар сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва маҳкам намудани атрофи ҷойҳои ҷамъиятӣ бо деворҳои бетонӣ идома доранд.

Чанде пеш тариқи ҳашар бо ташаббуси раиси ташкилоти ибдтидоии деҳаи Гогол, Ҷамоати деҳоти Нури Вахш,  Хаттиев Эшмаҳмад ва саҳмгузории сокинони деҳа бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи мазкур сохта ба истифода дода шуда буд.

Инак баъди ба истифода додани бунгоҳ  бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи Гогол, Хаттиев Эшмаҳмад атрофи бунгоҳи тиббӣ маҳкам карда шуда дар замини назди бунгоҳ гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.