ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СЕМОҲА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 апрели соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Ганҷина”-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагири аз фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки Абдуллоев Мирвоҳид мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлиси ташкилоти ибтидоии мазкур масъалаи ҳисобот оид ба фаъолияти семоҳаи соли 2023, нақшаҳо барои соли 2023, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷина” Саъдуллохон Мирзоев зимни ироаи баромади худ зикр дошт, ки ташкилоти ибтидоии "Ганҷина" дар давраи ҳисоботӣ, фаъолияти назаррас нишон дода баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Ҳамзамон зикр намуд, ки ҳизби мо таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб дорад.

Дар фарҷом Абдуллоев М тазаккур дода, иброзн амуд, ки аъзоёни ҳизбӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.