Ташаббусҳои ҳизбӣ аз ҷониби сокинон дастгирӣ меёбанд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Анорбоғ" воқеъ дар деҳаи Асроҷ Раҷабов,  Ҷамоати деҳоти "Ҷиликул" бо роҳбарии раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шарифов Шамсиддин бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ идома ёфта истодааст.

Айни замон сокинони деҳаи А.Раҷабов ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Анорбоғ" иқдом гирифтаанд, ки девори атрофи Чойхона, ва дигар хонаҳои истиқоматии сокинон, ки дар шафати роҳи марказӣ ҷойгир мебошанд ба тариқи ҳашар бо девори сементии ҳозиразамон маҳкам намоянд, ки ба ин васила мехоҳанд дар ободии диёри худ саҳм гузошта ҷавононро низ ба корҳои бунёдкорӣ ва  созандагӣ ташвиқу роҳнамоӣ намоянд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз Ҳамид ва Раиси  собиқадорони меҳнат ва ҲХДТ  дар ноҳияи Дӯстӣ Сафарзод Мирзосафар барои ин иқдоми пешгирифтаи онҳо изҳори минадорӣ намуданд.