Дастаҷамъона ободу зебо месозем

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ корҳои ободонию созандагӣ дар ҷараён мебошад. Коллективҳои меҳнатӣ дар доираи дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид гулу бутаҳои ороишӣ мешинонанд. Дар Литсей давлатии №1-и ноҳияи Восеъ ҳайати омӯзгорони ҳамин муассиса гулу бутаҳои ороиширо дар саҳни бино шинониданд. Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои истироҳатии ҳар ҳафта дар ҳудуди ноҳия дастаҷамъона корҳои ободонию тозагӣ ташкил ва гузаронида шуда, ҳар як роҳу кӯчаҳо ободу зебо карда мешаванд.