АЁДАТИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони инсондӯсту хайрхоҳ пайваста ҳамкорӣ намуда, дар ин ҷода тавассути онҳо кӯмакҳои хайру сахоро ба оилаҳои ниёзманд амалӣ менамоянд.  Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона имрӯз соҳибкорони ноҳия пайваста  бо ниҳоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, бештар хайру эҳсонашонро тавассути  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳандози менамоянд. Имрӯз ҳизбиёни ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон то ба имрӯз ба 70 оилаҳои ниёзманд маводҳои ниёзи аввал аз қабили орду равған, биринҷ, макарон, шакар ва чойҳои гуногун ёрмандӣ намуданд. Ин навбат аз ҷониби ҳизбиёни ноҳия ба хонаводаи сокини деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх акаи Абдулаҳад , ки дар хонавода се нафар маъюуби гуруҳи якум мебошад рафта аёдат намуда, ба онҳо як миқдор маводи ғизоӣ дастрас намуданд. Бояд гуфт, ки дар рафти аёдат раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон иштирок намуданд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.