РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ноҳияи Темурмалик чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан таманниёти худро ба наваскарон расонид, ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси шӯрои собиқадорони меҳнати ноҳия Сафаров Ғанӣ, инчунин аз ҷониби падару модарон ва сарбозони оянда бахшида ба ин рӯз суханҳо гуфта шуд. Дар охир баҳри болидарӯҳии ҷамъомадагон барномаи кансертӣ баргузор гардид.  

 СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ЧОРАБИНӢ!