Иштироки вакилон дар "Соати сиёсӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ аз ҷониби кормандони масъули Кумита, вакилони ҳизбӣ ва собиқадорони меҳнат дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷалолов Абубакр бо хонандагони синфи 11-и МТМУ/-1 ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.   Мавзӯи "Соати сиёсӣ" ин навбат Дастгирӣ ёфтани Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба "Ҳифзи пиряхҳо" дар бар мегирифт.
Зимни баромад вобаста ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тозаю озода нигоҳ доштани об ҳамчун манбаи ҳаёт суханронӣ карда шуд
.