БАРГАЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСИ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ Маҷидзода Абдулщамид дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан қарзи шарвандии мост” баромад намуданд. Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ зимни суханрони доир ба масъалаи мазкур иброз доштанд, ки соли ҷорӣ аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сол  пур мешавад.Маълум аст, ки ин ниҳод дар замони мушкил таъсис ёфта, то ба имрӯз вазифаҳои бар дӯш доштаашро комилан иҷро карда истодааст. Ҷавонмардони Ватан ба сафи он ҳамроҳ гардида, марзу буми ниёгони худро ҳифз мекунанд. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.Дар вохӯрӣ доир ба пайдоиш, шароит ва вазъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар карда шуд.