ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз мо бо умед ба замин донае пошем, сад дона мегирем. Заминҳои Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳосилхез аст.
Чуноне, ки Пешвои миллат дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, дар як сол аз як замин мо ду – се ҳосил рӯёнида метавонем.
Оиди самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои тарғиботиро дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикистон”-и деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳия ба роҳ монда истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули "ХОНА БА ХОНА" пайваста баҳри истифодаи самаранокии ҳар як ваҷаб замин миёни сокинон суҳбату вохури гузаронида, барои боҳзам беҳтар гардидани зиндагии шоистаи мардум маслиҳатҳои судманд пешниҳод менамоянд.
Ҳамин аст, ки заминҳои назди ҳавлигии аз тарафи бошандагони деҳаи Тоҷикистон пайваста мавриди истифодаи самаранок қарор гирифта, баҳри руёнидани ҳосили дилхоҳ тадбирҳои нек меандешанд.
Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ