ОБОДИИ ДИЁР ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи фаврии Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон №1/2-6 аз 02.02.2023 “Ободии диёр мароми мост!” бо иштироки кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  ҳамарӯза  ҳашари дастаҷамъона  дар назди корхонаву муассисаҳо таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” барои тозаву озода  кардани  гирду атрофи биноҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тоза намудан аз алафҳои бегона ва нарм намудани бехи ниҳолҳои ҳамешасабз, шинонидани гулҳои баҳорӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст.