ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Левакант:  

Санаи 28 марти соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и  шаҳри Левакант дар асоси Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона дошта, дар мавзуъҳои:

1. Хизмати ҳарбӣ - мактаби ҷасорати мардонагӣ

2. Огоҳонидан ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои хатарзои ҷомеа.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад.

Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №15 дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.