Беҳтар намудани ҳолати истифодабарии роҳҳо дар маҳал.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати истифодабарии роҳҳои дохилии деҳоту маҳаллаҳо, бо ташаббуси раисони Кумитаҳои маҳалла ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳот, сангфарш намудан ва беҳтар гардонидаи ҳолати истифодабарии роҳҳои дохилӣ дар аксари маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ идома дорад.

Чунин иқдомҳо аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии деҳоти "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат хуб ба роҳ монда шуда, ин навбат бо ҷалби аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, шахсони саховатпеша ва сокинони маҳал зиёда аз 2-км роҳҳои дохилии Ҷамоати деҳоти Нури Вахш сангфарш ва ҳолати истифодабарии он беҳтар гардонида шуд.

Тавре ташаббускорон ва иштирокдорон иброз доштанд, дар оянда низ чунин корҳои ободонию созандагиро идома дода азм доранд, ки барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ заҳкашҳои дохили хоҷагиҳоро марҳила ба марҳила тоза менамоянд.