Хониши сиёсӣ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар яке аз ташкилотҳои ибтидоӣ "Хониши сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзоёни ҳизб, ҳувияти миллӣ ва масъулиятшинос гардидани ҳар як корманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад.
Чунин чорабинӣ имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" баргузор карда шуд, ки дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз, раиси ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва кормандони масъули Кумита иштирок доштанд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдлҳафиз баромад карда вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавону лаёқатманд ба сафи ҳизб, навистани андешаву вокунишҳо аз ҷониби омӯзгорон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор баромад карда, оиди дар сатҳи баланд баргузор намудани Амалиётҳои муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" ва "Мактаби ман", тарзи дурусти пешниҳоди ҷадвал ва ҳисоботҳои амалиёти мазкур ва интихоби мавзӯъҳои ватандӯстию хештаншиносӣ суҳбат намуд.
Дар анҷом раиси ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён"  Маҳмадсаидзода Шаҳноза суханронӣ намуда, иброз дошт ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроия мо аз уҳдаи ҳамаи корҳои ҳизбӣ мебароем ва Амалиётҳои муштараки "Соати сиёсӣ"  ва "Мактаби ман"-ро низ дар сатҳи баланд баргузор менамоем.