АЁДАТИ МОДАРИ РУСЗАБОН АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ҳамин шиор дар асоси Нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аёдат занони собиқадори ноҳия ба роҳ монда шуд.

Дар ин росто, аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб якчанд нафар занони собиқадори ноҳия аёдат карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ин навбат, яке аз занҳои рӯзгордида зани русзабон Шайхисломова Зайтуна сокини деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх аёдат карда шуда, туҳфаи хотиравӣ низ тақдим карда шуд.

Момаи Зайтуна бо шукргузорӣ аз ватани орому осуда ва Пешвои хирадманду инсондӯст намуда, иброз доштанд, ки мо- занҳои собиқадор барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузорем.