МОДАР ФАРИШТА АСТ...

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва беназири сиёсии худ аз ҷониби узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, и.в. Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра занони собиқадор аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва якчанд занони аз 100-сола болоро аёдат ва муборакбодӣ намуд. Дар воқеъ ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар кишвари азизи мо гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан- модар дар ҷомеа мебошад. Ин рӯзи фархундаро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм пешвоз мегирем, зеро Модар- тарбиятгари насли башар, офарандаи нуру зебоӣ ва покизагӣ ба ҳисоб меравад.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ботаъкид иброз доштанд, ки мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзанда мешуморем.

Онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи Зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпар-вари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.