КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ва тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмиллалӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ инчунин дар амал татбиқ намудани қисмати тарғиботи амалии аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем" дар ташкилоти ибтидоии "Ҳамро Олимов"-и  ҷамоати деҳоти "Истиқлол"-и ноҳия аз рафти ҷараёни корҳои ободонӣ бо дастгирии раиси маҳалла Элмуродов Баҳром ва  аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони истгоҳи замонавӣ ба роҳ монда шуда истодааст.Маҳз бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар н.Носири Хусрав дар деҳаи Ҳамро Олимов сохтмони истгоҳи замонавӣ ба роҳ монда шуда дар арафаи анҷомёбист.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Носири Хусрав