СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Суҳбати хона ба хона яке аз тарзи дуруст ба мардум фаҳмонидани сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати ба мардум расонидани дастуру супоришҳои мақомати болоии ҳизбӣ рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ бо усули “хона ба хона” ба сокинони маҳалаи ба номи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оиди талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълуми тарбияи фарзанд”, моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ инчунин, бо сардорони оилаҳо оиди истифодабарии оқилонаи неруи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, сафарбаркунии фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва иштироки фаъолона дар шанбегиҳову дигар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд.

Зимни баргузории суҳбатҳо бо сокинон қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аъло сифат ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2023 таъмин намоянд. 

Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.