ДИЛИ МОДАР АЗ ҲАМА МЕҲРУБОНТАРУ ҲАССОСТАР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дили  модар  аз  ҳама  меҳрубонтару  ҳассостар, нармтару  фарохтар  аст,    дар  дили  модар  оташи  муҳаббату  меҳрубонӣ  асло  хомӯш  намешавад, дилу  дидаи  модар  ҳамеша   дар  ёди  фарзандон  аст.  Бузургони олам  беҳуда  нагуфтаанд,  ки  зеботарин  фаришта,   олитарин  олиҳа, оқилтарин  бону  ва  меҳрубонтарину   нармдилтарин   фард   зан –модар  аст. Бояд  мо  ба  қадри  ин  ганҷинаи  бебаҳо   бирасему  доимо  омодаи  хизматаш  ба  ҷон  бошем. Имрӯз  занону  бонувони  моро  қадру  манзалаташон   дар ҳама соҳаҳо   ба  мушоҳида  мерасад.  Шоистаи  таҳсинанд, зеро  ба  кадом  соҳае,  ки назар  кунем,  саҳми  занону   модаронро  дар  онҷо   мебинем,  ҳатто  тозагии  биною  иншоотҳои  бузург,  роҳраву  кӯчаҳои  шаҳр  корхонаву  идораҳо  ҳам  маҳз  бо  дастони  ин  олиҳаи  зебо  тозаю  озода  мегарданд.  Ин  рафтори  модарон  дар  тиннати  мо  дӯсдории  зебогиву  тозагӣ  дар  Ватанро  талқин  мекунад.  Дар  ҳақиқат  хуби,  зебоиву  тозагии  зиндагӣ  мансуб  ба  зан-модар  аст.

Аёдати момаи Маликамоҳ дар арафаи Рӯзи Модар аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, муовини раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Мунаввари Бозорали, роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза