ҲАШАРҲОИ  НИҲОЛШИНОНИ БО АЪЗОЁН, ФАЪОЛОН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Мулокони ҷамоати деҳоти ноҳияи Балҷувон дар якҷоягии тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҳашари ниҳолшинони баргузор гардид, ки дар он масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Барои зебову назарабо гардидани шоҳроҳи асосии ноҳия ва анҷом додани корҳои ободониву хуррамгардонӣ, сокинони ноҳия бо дарки масъулияти баланд ва иҷрои рисолати шаҳрвандии хеш фаъолона иштирок намуданд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Балҷувон” барои нигоҳубини ниҳолҳои ҳамешасабз чораҳои саривақти андешида, бо лавозимотҳои зарури гирду атрофи онҳоро мустаҳкам намуданд.

Агар аз яктараф зебогиву сарсабзӣ ба ҳусни шоҳроҳ таровати дигар зам намяод, аз тарафи дигар барои боду ҳавои тоза ниҳолҳои ҳамеша сабз таъсири хуб мерасонад.