ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5.03.2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ташкилоти иӣтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” дар деҳаи Қизил-байрақи ҷамоати деҳоти Меҳднатободи ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббусу дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки беш аз 250 адад ниҳоли арча ва сузанбарг шинонида шуд.

Дар ҳашари дастаҷамъона масъулину кормандони марбута аз тарафи раиси маҳалаи деҳаи мазкур вазифадор шуданд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро бозҳам тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Таъкид карда шуд, ки барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ҳар як нафар масъул буда, сокинони ин деҳа тасмим доранд, ки чун ҳарвақта дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии ҳар як гӯшаву канори ноҳияаамон саҳми арзанда гузоранд.