БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ МАН" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳар шанбеи охири моҳ ҷаҳати татбиқи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус ба хотири дастгирии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод имрӯз дар аксари муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" ва соатҳои сиёсӣ ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 - и ноҳияи Муъминобод Амалиёти муштараки ҳизбии “Мактаби ман” доир гардида, дар он хатмкунандаҳои солҳои гузаштаи муассиса фаъолона иштирок намуда, иброз карданд, ки дар пешрафту ободии мактаби мазкур саҳми арзанда мегузоранд. То ба ин васила барои фарзандон ва толибилмон шароити мусоид фароҳам созанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар ин чорабинии ҳизбӣ хатмкардагони собиқи муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва шахсони саховатпеша низ ҷалб гардида дар таъмиру азнавсозии мактабҳо саҳмгузор мегарданд.

Ин иқдом аз тарафи сокинон низ ҷонибдорӣ гардида, дар баробари хатмкунандагон падару модари хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар таъмири ҷории мактабҳо ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ ёрии амалии худро дареғ намедоранд