Аксияи "Тозагии муҳити зист"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаву деҳот, корҳои ободонию созандагӣ ва баргузории Аксияҳои ҳизбӣ бо маром идома доранд.

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз дар маркази Ҷамоати шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Аксияи ҳизбии "Тозагии муҳити зист" баргузор карда шуд.

Дар ин иқдом бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ аз дохил ва атрофи маркази ҷамоат партовҳо тоза карда шуда ба ҷойҳои муайянгардида кашонида шуда безарар гардонида шуданд.