АМАЛИЁТИ МАКТАБИ МАН ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №11

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 деҳаи Хироби  ҷамоати деҳоти  ноҳияи Балҷувон, дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амалиёти “Мактаби ман” бо иштироки  Раиси Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳия Зоирзода М.О Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Амируллозода М.  ва директори муассисаи таълимӣ Ҷаборова Сокина  баргузор карда шуд.

Дар баргузории ин чорабини  хатумкунандагони сину соли гуногун ҷамъ омада оид ба масъалаю  камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаи таълими суханронӣ намуданд.

Баъзе масъалаҳои ҳалталаб боқӣ  мондаанд ва ҷамъомадагон тасмим гирифтанд, ки дар ҳалӣ онҳо ба муассисаи таълимӣ  кумак расонанд.