БАРГУЗОРИИ «СОАТИ СИЁСӢ» ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврали соли равон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаи таълимии №4-и ноҳия бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар ин Соати сиёсӣ вобаста ба мавзуҳои зерин: “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, “Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба хонандагони муассисаи таълимии номбурда дарс гузашта шуд.