СОАТИ СИЁСӢ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав   санаи  25.02.2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Амалиёти  муштараки  «Соати  сиёсӣ»  ва «Мактаби ман!» дар  сатҳи  баланд  баргузор гардид.  Дар  Соати сиёсӣ аз  тарафи омӯзгорони  соҳибтаҷриба, ва  донишманд дар  мавзӯҳои «Баланд  бардоштани  маърифати  сиёсию  ҳуқуқии   ҷавонон» , «Муқовимат ва  пешгирӣ  аз ақидаҳои  ифротӣ  дар  байни  ҷавонону  наврасон», «Ҷалби  ҷавонон  дар бунёди   ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва ба  таҳсилоту  илмомӯзӣ, омӯзиши  касбу  ҳунар, ихтирооту  кашфиёт  роҳнамоии  ҷавонон», “Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои террористию экстремистӣ”,  ки  аз  ҷониби  Кумитаи  иҷроия дар  ноҳия пешниҳодшуда буданд,  маъруза  намуданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Давронов Хуршед баромад намуда, оид пайравони   гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои  иҷтимоӣ  ҳар гуна хабару  иттилои  бардӯруғу  фитнаангез, доир  ба  вазъи  феълии   кишвар, иғвобарангезии ифротгароён  бо   тобиши  барои  худашон  маъқул, ки   ҷомеаро ба нофаҳмӣ  меоранд. Ҳар гуна хабару  иттилои  бардурӯғу  фитнаангез,  ки пахш  мегарданд,  фарсахҳо аз  ҳақиқату  адолат  хелу  дур ва асоси воқеӣ надоранд, суханронӣ намуд.    

Рафти  баргузории Амалиёти  «Соати  сиёсӣ"  ва  «Мактаби  ман!»  дар  муассисаи  таълимии  ноҳия  аз  ҷониби  масъулини  Кумитаи  иҷроия зери  назорати  қатъӣ  гирифта  шуда,  ҷиҳати  дар  сатҳи  баланд  баргузор  гардиданашон   мусоидат  намуданд. Дар  маҷмуъ  Амалиёти муштарак дар  ноҳия дар  сатҳи  баланд  баргузор гардид.