ВУСЪАТИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23 феврали соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Бохтар- Ҷалолиддини Балхӣ, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарияти ноҳия, фаъолон, кормандони ташкилоту идораҳо, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, сокинони ҷамоат, ки беш аз 800 нафарро ташкил медод, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки беш аз 3000 адад ниҳоли тут ва 500 адад ниҳоли сузанбарг шинонида шуд.

Зимни маърака Раиси вилоят роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро боз ҳам тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Ҳамзамон ҷиҳати поён бурдани сатҳи оби зеризаминӣ ва баланд бардоштани ҳосили замин бо техникаи махсус, ҷӯйборҳои гирди шоҳроҳ тоза карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ҳар як нафар масъул буда, сокинони ноҳия тасмим доранд, ки чун ҳарвақта дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.