РУШДИ ВАРЗИШ САМТИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ. 

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароти кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. Дар робита ба ин ба ибтикори ташкилоти ибтидои ҳизбии "Меҳнатобод" раисаш Давлатов Абдулло дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 мусобиқаи футбол миёни дастаҳои деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ба муносибати 30-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истодааст.

Мусобиқаи варзишии футбол аз 17.02.2023 то 27.02.2023 гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва диплому Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида мешаванд.