ВОХУРИ БО АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вохурии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и Ҷамоати шаҳраки Москва баргузор гардид.

Корманди Кумитаи иҷроия дар ноҳия Комилова Гулбута баромад намуда қайд кард, ки ҷавонон аввалиндараҷа бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар - Ватан адо намоянд. Агар ҳар як маҳалла тибқи нақшаи пешбинишуда ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон саривақт сафарбар намоянд, ҳам нақшаи даъват иҷро мегардад ва ҳам ҷавонон бо ин васила мактаби ҷавонмардиро аз худ намуда масъулияти мардонагиашонро дар назди худ ва давлату миллат дарк менамоянд.Инчунин, дар масъалаҳои терроризму экстремизм, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасон ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯхтану аз худ кардани касб изҳори андешаронӣ намуданд.