НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДЕҲОТИ НОРИН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар фасли зимистон мардуми сарбаланди кишвар бо истифода аз боду ҳавои мусоид баҳри хурраму дилрабо ва сарсабз намудани Ватани азиз ба ҳашар баромада, дар гирду атроф, кӯчаву тангкӯчаҳо, шоҳроҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ мешинонанд.

Ин навбат заҳматкашони деҳаи Бош- Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин  дар шоҳроҳҳи даромадгоҳи деҳа ва ҷойҳои гаштугузори сокинони маҳаллаҳо бо истифода аз шароити мусоиди ҳавои зимистона ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Иқдоми мазкур баҳри ободию кабудизоркунии маҳал арзанда буда, метавонад, як гӯшаи диёрро бо гулҳои ороишӣ зебу зиннати хосса диҳад.