АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГӮЗОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи “Ибрат” ба ҳашари дастаҷамъона баромада дар якҷоягӣ кучаи маҳаллаи худро сангфарш намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин кори хайр аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи “Ибрат” эмомхатибон ҷавонони фаъол нафарони хайрхоҳ иштирок намуда дар ин амали нек саҳми худро гузоштанд. Қобил ба зикр аст, ки минбаъд низ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ ин амали нек идома ёфта чунин корҳои ободониву созандагӣ дар дигар деҳаву маҳаллаҳо низ идома меёбад.