СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР ДЕҲОТИ СИТОРАИ СУРХ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Оид ба пешгирии паёмадҳои офати табиӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда оиди паст кардани хавфу хатари омадани сел, баландшавии сатҳи оби селпартоҳо ва пешгирии сар задани ҳолатҳои нохуш ҷиҳати тоза намудани каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳо ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардиданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби 1 адад экскаватор, 1 адад автомашинаи боркаш, 1 адад техникаи заминкани тамғаи «Хундай» ва зиёда аз 80 нафар сокинон селгузари С-6 дар мавзеи болои деҳаи Зафаробод ба масофаи 300 метр тозаю бехатар гардонида шуд.

И.в. раиси ноҳия зарур шуморид, ки ташкил намудани чунин ҳашарҳои умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳаллаҳо барои тоза намудани ҷӯйборҳоро заруру муҳим дониста, аҳолии деҳаи мазкур бошанд, селроҳаҳову ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо ва сангу регу шағал пок сохтанд, то ки об ба маҷрои худ ҷорӣ шуда, вориди ҳавлӣ ва манзилҳои истиқоматии онҳо нашавад.