АКСИЯИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!” АМАЛӢ МЕГАРДАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои банди Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷӯйбор” Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" амалӣ гардида, зиёда аз 1 км роҳи байни деҳаи Ҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо ҷалби фаъолу сокинони деҳаи болозикр бо таври ҳашар ва дастаҷамъона сангфарш карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ободу зебо гардонидани як гушаи диёр ин қарзи ҳар як сокину шаҳрванди бономуси кишвар ба ҳисоб рафта, сокинон итминон доранд чунин аксияҳоро ҳарчи бештару беҳтар бо ҷалби соҳибкорону саховатмандони Ҷамоат дар деҳа амалӣ намуда, кушиш ба харҷ медиҳанд баҳри бозҳам гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.