ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ И ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ И ТОҶИКИСТОН

Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон ба тамоми қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи худро равона менамояд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пайваста кӯшиш менамояд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизбро саривақт иҷро намояд.

Санаи 15.02.2023 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги шаҳр»  чорабинии фарҳангӣ бо иштироки сарбозону афсарон, волонтёрон, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор карда шуд. Сарбозону афсарон, волонтёрону донишҷуён зери фазои орому осудаи кишвари азизамон рақсу хурсандӣ намуданд.