БУНЁДИ ЧОР СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ № 38

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх 4-адад  синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда мешавад. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" роҳандозӣ гардида, бо саҳми маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ бунёд меёбад. 

Ташаббускорони иқдоми созандагӣ дар нақша доранд, ки синфхонаҳои мазкурро то арафаи соли нави таҳсили 2023-2024 сохта, ба хонандагони МТМУ №38 туҳфа намоянд. Дарвоқеъ, давлату Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ эълон дошта, дар ин самт тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд.