ТАТБИҚИ СУПОРИШҲО АЗ ПАЁМ ҶИҲАТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ШАРОИТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади беҳ намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, баланд гардонидани сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони миёнаи соҳа дар шаҳри Норак тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Хусусан, Беморхонаи марказии шаҳри Норак дар асоси Лоиҳаи Фонди Ҳаёт ва Воситаҳои Зиндагӣ ва Бонки Исломии рушд "Беҳтар намудани хизматрасонии Тиббӣ барои модар ва кӯдак" таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст.

Санаи 8 феврали соли 2023 бо ҷараёни таъмири Беморхонаи марказии Шаҳр раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дидан намуда, ба масъулин вобаста ба сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастур доданд.