АЁДАТИ ОИЛАҲОИ САРБОЗОНИ ҚАҲРАМОНОНА ҲАЛОКГАШТА ВА НОБОЛИҒИ ИМКОНИЯТАШ МАҲДУД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Расонидани кӯмаки моддию маънавӣ, инчунин аёдати шахсони бемор, пирони рӯзгордида ва оилаҳои бесаробону камбизоат дар арафаи таҷлили ҷашну анъанаҳои миллӣ аз суннатҳои неки ниёгонамон буда, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст ва аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар мақомотҳо дар ин самт ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ дар Қирғизистон баҳри ҳимояи марзу буми Ватан қаҳрамонона ҷон бохтаанд, мулоқоту вохӯрӣ доир карда шуд.

Бо ин мақсад дар таърихи 11-уми феврали соли равон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона оилаҳоии сарбозони шаҳидгаштаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён Холов Раҳмиддин Ҳасанович ва Шамсиддинов Нусратулло Фатулоевич ҷамоати деҳоти Меҳнатободро бо мақсади ҳамдардӣ баён намудан аёдат карда, кӯмакҳои ғизоӣ ва пулӣ расониданд.

Роҳбарияти ноҳия ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед бори дигар ба волидон ва наздикони сарбозон, аз номи Пешвои муаззами миллат ҳамдардии амиқ баён карда, изҳор доштанд, ки хотираи неки шаҳидонро  ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша ба оилаҳои онҳо дасти кӯмак дароз менамоянд.

Ҳамзамон дар идомаи ташрифи худ Саидзода Ҷамшед ва роҳбарияти ноҳия як нафар ноболиғи имконияташ маҳдуд, ки барои аробачаи маъюбӣ муроҷиат карда буд, аёдат намуда ба ӯ шириниҳо, маводҳои ғизоӣ ва аробачаи маъюбӣ кӯмак расонида шуд.