КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ҶИҲАТИ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ҚУВВАИ БАРҚ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Танҳо истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолатест, ки зимистонро бе ягон маҳдудият пушти сар менамоем!!!

Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда, нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини фаъолияти боэтимоди онҳо кафолат медиҳад. Ҳар як сокини кишвар бояд ба низоми ягонаи энергетикии кишвар чун ба боигарии миллати Ватани азизи худ муносибат намояд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз ҷиҳати амалӣ гардидани муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” оиди сарфакоронаву мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинони ноҳия бо усули “рӯ ба рӯ” идома дода, дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ қайд намуданд, ки вобаста ба имконият барои гарм кардани хона, пухтупази хӯрок истифода бурдан аз ангишт ва ҳезум мувофиқи мақсад аст. Зеро истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ барои расидан ба ҳадафҳои олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад кард.