САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИИ НОҲИЯИ ХУД ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боришоти барзиёдии барф дар чанд шабонарӯзи охир дар ҳудуди ноҳия боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти зиёд миёни аҳолӣ гардид. Баҳри бартараф намудани ин мушкилиҳо кормандони ҳизбӣ дар назди бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ҷамъ гардида, баҳри тоза намудани роҳраву гирди атрофи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз барф талош варзиданд. Саҳм гузоштан дар ободии ноҳияи худ қарзи шаҳрвандии мост!