ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз дар ҷамоатҳои деҳоти С.Раҳимов ноҳияи Темурмалик бо сокинон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Темурмалик доир гардид. Меҳмонро раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан хуш омадед гуфт. Дар вохӯрии мазкур вакил аз ҳавзаи интихоботии 39 Латифзода Рустам – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Сафарзода Зайниддин – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вакилон зимни баромадҳои худ оид ба моҳият ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба ҳозирин маълумот дода, иброз доштанд, ки муҳимиятҳои хоси Паёми имсола таваҷҷуҳи бештар равона намудани Пешвои миллат ба табақаи ниёзманди ҷомеа ва роҳандозии иқдомҳои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ҳамзамон вобаста ба дигар мавзуъҳои дар Паём ироагардида, махсусан қабул гардидани ташаббуси панҷуми Пешвои миллати Тоҷикон дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ва муқаррар намудани рӯзи махсус барои ҳифзи пиряхҳо, маълумот дода, ин санади сатҳи байналмилалиро нишонаи болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён ва меҳмонон саволу ҷавоб доир ба нуктаҳои Паём доир гардид.