ПАЁМ - РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 1. 02.23 масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Н.Хусрав оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрии сарироҳиро байни аҳолии ҷамоатчигӣ ба роҳ монда, ба мардуми он ҷо варақаҳои иттилоотӣ ва китобҳои тозанашри даврони Истиқлолиятро ҳамчун туҳфа тақдим намуда, моҳият ва муҳимияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум фаҳмониданд.

Бояд гуфт, кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам ҷоннок намуда, ҳамарӯза вохӯриву суҳбатҳои сарироҳиро роҳандозӣ менамоянд. ​​​​​​