Пешгирии офати табии дар деҳаи Гулистон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади пешгирии офати табии бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал, вакилони ноҳиявӣ Азизов С, Ғафоров С, аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” дар маҳаллаи навбунёди “Роҳи Оҳани” деҳаи Гулистон, Ҷамоати деҳоти Гулистон гузаронида шуд. Дар натиҷаи баргузории ин аксия беш аз 1600 метр заҳбурҳои пуршуда тоза карда шуданд.  Дар аксияи мазкур ташкилотии ибтидоии “Хоҷагии об” низ саҳмгузорӣ намуда, дар фурсати кӯтоҳ камбудиҳои мавҷуда бартараф карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки маҳаллаи навбунёди “Роҳи Оҳани” деҳаи Гулистон, Ҷамоати деҳоти Гулистон зери қатторкӯҳҳои Баҳористон қарор дошта, дар натиҷаи боронҳои пуршидат аз оби сел зиён мебинад. Дар натиҷаи тоза кардани заҳбурҳо мардуми маҳал бовар доранд, ки то ду се соли оянда аз ин хатари сел эмин мебошанд.