Ҳифзи олами ҳайвоноту набототи нодири Ватан вазифаи шаҳрвандист!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи нодири кишварамон дар рӯзҳои сарди моҳи январ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии  «Хоҷагии ҷангали «Даштиҷум» аксияи ҳизбии «Ҳифзи олами ҳайвоноти нодири Ватан вазифаи шаҳрвандист!» дар амал татбиқ гардида, аз ҷониби кормандони хоҷагӣ ва дигар дӯстдорони табиат барои аз сармо нигоҳубин намудани ҷонварони нодир дар кӯҳу пуштаҳои  маъмули заминҳои хоҷагии ҷангали «Даштиҷум» ба миқдори 350 кг кунҷора, 700 кг коҳи табиӣ, 350 кг намак ва 250 кг дулонаи хушк, себи қоқ ва ҷаву гандум гузошта шуд. Ногуфта намонад, ки корҳои биотехникӣ барои ҳифз ва нигаҳдошти ҳайвоноти нодир, олами ҳайвоноту наботот дар дигар гӯшаҳои ноҳия, бахусус хоҷагиҳои ҷангалпарварию шикорӣ аз ҷониби масъулин ва  дӯстдорони табиат идома дошта, ба ин масъала аз ҷониби аҳолӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  «Хоҷагии ҷангали Даштиҷум» ва «Ҳифзи муҳити зист» дар ин масъала тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида фаъолият намуда, барои ҳифзи олами ҳайвоноту набототи нодир дар қаламрави ноҳия тамоми имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки сардиҳои моҳи январи соли равон зарурати дастрасии олами ҳайвоноти нодири ноҳияро  ба захираи коҳу беда ва дон дар минтақаҳои маъмул ба миён овард ва ҳифзи ҷонварону парандаҳои нодир, ки ҷузъи олами зебои Ватананд, вазифаи шаҳрвандии ҳар як инсони ватандӯст аст.