ХОНИШИ СОАТИ СИЁСИ ДАР МТУ №10 БАРГУЗОР ГАРДИД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърихи 28-январи соли 2023 соати сиёсиро директори муассисаи таълимӣ ифтитоҳ бахшида, муҳтавои онро ба аҳли нишаст ошно намуд.  Сипас  ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  Худойназаров Зубайдулло дар мавзӯи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон: паҳлуҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба идеологияи миллӣ” хониши соати сиёсиро идома бахшид.  Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур омӯзгорон, вакилон ва ҷавонон иштирок доштанд. Зикр шуд, ки вазъи сиёсии имрузи ҷаҳонро падидаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсии мусбат ва манфи домангир аст. Тоҷикистон ба сифати як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон наметавонад аз ин равандҳо дар канор ё бетаъсир бошад. Аз ҷумла раванди босуръати  глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ бо паҳлуҳои мусбат ва манфи доманадор шудаистодааст. Таъкид шуд, ки дар ин росто ҷавонони кишвари мо бояд зиракии сиёсиро устувор намуда, дар доираи сиёсати дурбинонаву сулҳҷуёнаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои моддию маънави ва ахлокии Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати милли ва идеологиро устувор намуда, фарҳанги милли ва арзишҳои милливу манфиатҳои давдатро ҳифз намоем.