ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дар ҳамбастагӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизб аз Ҷамоати деҳоти Даштигуло мусобиқаи футболи деҳа ба деҳа барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуда истодааст.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия барои ҷавонон тавассути оммавигардони варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касби бо гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба ватан, миллат ва обу хоки аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.