ВАТАН, ҲАР ГЎШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии «Сайёд», санаи 21 январи соли 2023 бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сайёд” Эшматзода Билол ва иқдоми пешгирифтаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзоёни фаъол ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Сайёд”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузори ба ободонию кабудизоркунии кучаҳо ва маҳаллаву деҳаҳо, таҳти унвони «Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард»шанбегии дастҷамъона ташкил карда шуда ду тарафи роҳи мошингарди деҳа ва гирду атрофии деҳа тоза карда шуда дар қисмати роҳрав 450 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва 180 бех гулҳои ороиши шинонида шуд.