АКСИЯИ ҲИЗБИИ " ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!"

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16.01.2023 сол дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сайёд" Эшматзода Билол ва бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ, сокинони деҳа ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ, роҳи миёни деҳаи мазкур зиёда аз 350 метр сангфарш карда шуд. Дар ин рӯз аҳолии деҳа дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар кори хайру эҳсонкорӣ иштирок намуданд. Зимни суҳбат бо аҳолии деҳаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии деҳа аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" доимо роҳандозӣ менамоянд .